ҷо

ҷо
(ҷой)
[جا // جاي]
1. фазо ё масоҳате, ки аз тарафи касе ё чизе ишғол шуда бошад ё ишғол шавад ё мавқеи ягон ҳаракат, амал ва ҳодиса бошад, макон, мавзеъ, маҳал
2. манзили истиқомат, оилаву рӯзгор, бошишгоҳ, манзил
3. мавқеъ, маврид, вақт
4. дам, вақт
5. маҷ. мансаб, вазифа, кор, мартаба
6. қисм, пора, ҳисса
7. ҷойгоҳ, ҷогаҳ, рахти хоб
8. куҷо; аз ҷое аз ҳеҷ куҷо
9. сабаб, асос
10. тараф. ҷиҳат; ин ҷои кор муҳим аст
11. маҷ. идора, ташкилот дахлдор; ба ҷо ба мавқеъ, муносиб; ҷо ба ҷо аз рӯи тартиб, ба тартиб, ба низом, нуқта ба нуқта, ҳар кадом ба ҷои худ; ҷои… ба ҷои…, ба сифати…, ба ивази…, ҳамчун; ҷои андеша маҳалли андеша; ҷои даркорӣ мавриди истифода, маҳалли истифода; ҷои истиқомат истиқоматгоҳ, бошишгоҳ, манзили истиқомат; ҷояш холӣ дар мавриди дар ягон маҷлис ҳозир набудани касе ва ё фавтидани касе ба тариқи таассуф гуфта мешавад; ҷо-ҷо ҳар ҷо ҳар ҷо; аз он ҷо ки… аз он сабаб ки…, азбаски; дар ҷояш устувор пойдор, мавҷуд, воқеъ; ба ҷои ба ивази, дар бадали…; чӣ ҷои ин(он) ки… чӣ ҳоҷат бар он ки…; чӣ ҷои ин сухан? чӣ ҷои фикр чӣ ҳоҷат ба фикр, чӣ эҳтиёҷ ба фикр карда нишастан; ҷо ба ҷо афтодан дар ҷои худ наҷунбида ғалтидан, якбора афтидан; ҷо ба ҷо гузоштан аниқ ба ҷои худ гузоштан, айнан дар ҷояшон ба тартиб мондан; ҷо ба ҷо истодан дар ҷои худ якбора, наҷунбида истодан; ҷо ба ҷо кардан ба ҷои худ гузоштан, ба тартиб ҷой додан, ҷойгир кардан; ҷо ба ҷо мурдан якбора мурдан, дарҳол мурдан; ҷо ба ҷо нишастан ба тартиб ба ҷои худ нишастан; ҷо ба ҷо шудан ба ҷои худ қарор гирифтан, ҷойгир шудан; ҷои гарми худро хунук кардан манзили хуб ё кори мувофиқи худро монда ба дигар ҷо ё кор рафтан; ҷо гарм кардан дуруст ҷойгир шудан, дар ҷое мустаҳкам барқарор шудан; ҷо гирифтан а) ҷойгир шудан, маскан кардан дар ҷое; б) воқеъ будан; ҷо додан а) ҷойгир кардан; б) шинондан; ҷо доштан а) ҷойгир будан, муқим будан; б) мавҷуд будан, дида шудан; в) асос доштан; ҷои гап нест ҳоҷати гап нест; ҷои гурез набудан илоҷ надоштан, илоҷи халосӣ набудан; ҷой намеёфт(анд), ки … сахт саросема ва безобита будан, чи кор кардани худро надониста мондан; ҷои нишастан наёфтан безобита будан, бисёр беқарор будан; ҷои сӯзан задан набудан ниҳоят пур будан, ҳеҷ ҷои холӣ набудан; ҷои чизеро гирифтан чизеро иваз кардан; ҷои шубҳа намондан барои шубҳа кардан асос ва сабабе набудан; ҷо кардан ҷойгир кардан, ҷо додан, андохтан, ғунҷондан; ҷо шудан а) ҷойгир гаштан, маскан гирифтан; б) пинҳон шудан; ҷояш ояд мавридаш бошад, мавқеяш муносиб бошад, маҳалли мувофиқаш бошад; аз ҷо бархестан хестан, баланд шудан, омодаи коре шудан, қиём кардан; ақл ба ҷояш омадан ҳушёр шудан; ба як ҷо расидани синну сол пир шудан, солхӯрда шуда мондан; ба ҷое расондан чизеро, кореро ба дараҷае расондан, ба ҳадде расондан; ба ҷои касе нишастан ҷои касеро гирифтан, касеро дар коре, шуғле иваз кардан; ба ҷо овардан а) иҷро кардан, анҷом додан (коре, супоришеро); б) риоя кардан; ҳурматашро ба ҷо овардан; гап дар ин ҷо будан сабаб ва манбааш ин ҷо будан; дил ба ҷояш омадан дил осуда гаштан, дил ором ёфтан; хонаю ҷо кардан истиқомат кардан, оиладорӣ кардан; ҷо-ҷо дар баъзе ҷойҳо, на дар ҳама ҷо: гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо (зарб.)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»